Ошкор гардидани ҷинояти куштор
Душанбе, 27.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — 24-уми ноябри соли равон, шахси номаълум вориди хонаи истиқоматии шаҳрванд Савриниссо Иззатуллоева, сокини кӯчаи А. Ғуломови шаҳри Душанбе шуда, бо олоти халандаю буранда ба шикам, гулӯ ва тарафи чапи дили ӯ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа шаҳрванд С. Иззатуллоева ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия Мирзоев Баҳрулло Самандарович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, пеш мутобиқи қонунгузории ҷиноятии Федератсияи Русия барои таҷовуз ба номус ва роҳзанӣ суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар ҷинояти куштори шаҳрванд С. Изатуллоева дастгир шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






