Озарахш сармуҳаррири «Паёми Суғд» таъйин гардид
Душанбе, 16.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо қарори раиси вилояти Суғд шоири шинохтаи тоҷик — Толиб Карими Озарахш сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ ва илмию оммавии «Паёми Суғд» -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъйин гардид.
Толиб Карими Озарахш фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муҳаррири Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои минбаъда дар вазифаҳои корманди шуъбаи суғдии ҷамъияти «Китоб», директори филиали вилоятии коргоҳи истеҳсолӣ-эҷодии «Союзтеатр» ва, муҳаррири Телевизиони вилояти Суғд кор кардааст. Мавсуф аз соли 2002 то таъйин ба ин вазифа ба ҳайси хабарнигори ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» фаъолият дошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






