Панҷ ширкати сайёҳӣ соҳиби иҷозатнома шуд
Душанбе, 26.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз, 26-уми ноябр Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди туризми дохилӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба панҷ ширкати нави сайёҳӣ, аз ҷумла «Манум», «Ориёӣ», «Осоишгоҳи кишоварзӣ», «Аҷам-тур» ва «Сари Хосор» иҷозатномаи фаъолияти туристиро супорид, ки ин метавонад ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамчун кишвари осоишта дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд.
Бояд зикр намуд, ки дар замони муосир соҳаи сайёҳӣ аз бахшҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ маҳсуб шуда, ба рушди иқтисодиёти мамлакат ва равобити судманди байни кишварҳои мухталиф мусоидат менамояд. Вобаста ба ин ва бо назардошти захираҳои бойи табиӣ ва таърихию фарҳангии кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон эълон намудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






