Парчами давлатӣ мояи ифтихор ва сарбаландии мост!
Душанбе, 16.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ба ифтихори рӯзи Парчами миллӣ дар қисми ҳарбии рақами 2711-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази ноҳияи Дарвоз ҷойгир аст, мулоқоти гурӯҳи намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аскарону афсарони ин қисми низомӣ доир гардид. Гуфта шуд, ки имрӯз ҳамаи дастовардҳои ноилгардидаи халқи тоҷик зери Парчами бузурги давлатӣ, ки мояи ифтихор ва сарбаландии мост ва рамзи ғолибияти миллат бар фазои тираи нофаҳмиву ноамнии кишвар аст, ба даст омадааст. Оғози роҳбарии пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин кишвари он рӯзҳо дар хуну хок оғушта аз бӯсидани Парчами миллӣ оғоз шуд ва саҷдаву эътимод, бовару эътиқоди роҳбари давлат ба парчами муқаддас моро ба чунин рӯзҳои осудаву пур аз фазои ваҳдаторои кишвар оварда расонд. Фахр дорем аз ин рӯзгори тинҷу осуда, ки дар зери партавфишонии ин Парчами нерубахш ба мо насиб гардид. Ҳамзамон бобати дахлнопазирии хати марз низ ибрози сухан гардид. Зулфия Давлатзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки: «Хатти муайянкунандаи марз муқаддас аст ва ҳифозати он корест аз ҳама бузургтар. Имрӯз аскарону афсарони тоҷик дар зери Парчами миллӣ неруи шикастнопазир доранд ва дар ҳифзу амонии сарҳадоти кишвар камари ҳиммат бастаанд».
Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ато Мирхоҷа бобати вазъияти ҷаҳони имрӯза, бархурди тамаддунҳо ва дар ин даврони ҷаҳонишавӣ поку беолуда нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ, ҳифозати дастовардҳои даврони саҳибистиқлолии ватан сухан намуд. Чунин вохӯрӣ дар кисми низомии 23441 -и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мавзеи Дашти лучи ноҳияи Дарвоз ҷойгир аст, доир гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






