Парчами давлатӣ — рамзи олии давлатдории миллӣ
Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ Ховар).- Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Раиси Суди конститутсионии кишвар Маҳкам Маҳмудзода иброз намуд, ки: «Парчами давлатии кишвар ҳамчун рамзи олии ватандорӣ аз ормонҳои миллии ҷомеаи навину демократии мо шаҳодат медиҳад ва расму оиёни парчамдории миллати фарҳангсолори тоҷик таърихи қадимӣ ва бою рангин дорад».
Ҳамасола бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр- Рўзи Парчами давлатӣ ҳамчун санаи таърихӣ дар саросари кишвар бошукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, аз афзудани ҳисси баланди хештаншиносии аҳолӣ ва садоқат ба арзишҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд шаҳодат медиҳад.
Зимни баргузории маҷлиси тантанавӣ инчунин кормандони дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Парчами давлатӣ — рамзи олии давлатдории миллӣ» маърӯзаҳои пурмуҳтаво карда, аз таърихи қабули ин рамзи давлатӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ёдовар шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






