«Парчами Тоҷикистон- рамзи истиқлолият»-семинари илмӣ
Душанбе, 21.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -«Ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Таҷрибаи гузаштагони миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории ин миллати соҳибтамаддун аст»,- гуфта шуд имрӯз зимни баргузории семинари илмӣ- назариявӣ таҳти унвони «Парчами Тоҷикистон- рамзи истиқлолият» бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В Ломоносов.
Дар семинари илмӣ- назариявӣ устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда, доир ба «Таърихи пайдоиши Парчами давлатӣ», «Таърихи парчам дар асрҳои гузаштаи халқи тоҷик то солҳои 1924» ва «Рукнҳои Парчами Тоҷикистон ва рамзи он» маърӯзаҳо аз тарафи донишҷӯён шунида шуданд.
Ҳамчунин дар семинар гуфта шуд, ки Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат буда, моро мебояд, ки аз Парчами давлатии худ ифтихор дошта бошем ва онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан чун сарвати гаронбаҳо ҳифз намоем.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






