Пардохти нафақаю ёрдампулӣ баробари 99,8 % иҷро шуд
Душанбе, 04.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Мувофиқи маълумоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» тайи 9 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ беш аз 617 ҳазор нафар нафақагирон ба қайд гирифта шуд. Маблағи пардохт ва ёрдампулӣ бо дарназардошти бақияи он 1 миллиарду 261 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ё 99,8 фоизи нақшаро ташкил дод.
Ҳамзамон маблағи тахсисдодаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ то 1 октябри соли равон баробари 1 миллиарду 255 миллиону 200 ҳазор сомонӣ буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






