Парлумон ба қонуни мубориза бар зидди терроризм илова ворид намуд

Ноябрь 25, 2015 11:38

Душанбе, 25.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- Ҷумҳурии  Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм пурзӯр мегардонад. 25 ноябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» баррасӣ ва қабул намуданд. 
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади минбаъд дар қаламрави кишвар ва минтақаҳои ҷудогонаи он бо дархости субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда муваққатан боздоштани хизматрасонии алоқаи барқӣ ва истифодаи воситаҳои вобаста ба он дар минтақаи гузаронидани  амалиёти зиддитеррористӣ  таҳия гардидааст. 
Хайрулло Суфиев — узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни ташреҳи масъалаи мазкур гуфт, ки  ворид намудани илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» имкон медиҳад, ки минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба анҷом расонидани амалиёти зиддитеррористӣ дар минтақаи гузаронидани он фазои иттилоотии қаламрави кишвар ё  минтақаҳои ҷудогона халалдор нагарданд.

Ноябрь 25, 2015 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид