Парлумон ба соҳибкорон сабукӣ дод
Душанбе, 26.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Вакилони палатаи поёнии Парлумони кишвар пешниҳоди Ҳукумати ҷумҳуриро дар мавриди ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» баррасӣ ва қабул намуданд.
Толиббек Бухориев-узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон зарурати ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонуни мазкурро ба ихтисор намудани теъдоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва тавассути низоми электронӣ ба расмият даровардани беш аз 30% ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ рабт дод. Мавсуф зикр кард, ки аз қонуни амалкунанда панҷ ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, ба мисли шаҳодатномаи тахассуси аудити экологӣ, шаҳодатномаи тахассуси аудитӣ, мувофиқакунии ташкили корҳо барои ченкунӣ ва банаворгирии зери пулҳо ва соҳили дарёҳо, мувофиқакунии рондани чорво ба воситаи роҳҳои мошингард, кушодани роҳҳои мошингарди муассисавӣ ва хусусӣ барои истифодаи умумӣ аз номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ хориҷ шуданд.
Толиббек Бухориев афзуд, ки дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 86 номгӯй ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ вуҷуд доранд, ки дар оянда бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар кишвар зарурати батадриҷ коҳиш додани онҳо дар назар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






