Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша
Душанбе. 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу ҳаракатҳои терористию ифротгаро, тамоилҳои бегонапарастӣ ва ба ин васила тарбия намудани насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ байни роҳбарон ва намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, намояндагони рӯҳониён ва варзишгарони шаҳри Хуҷанд мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот сардори шуъбаи раёсати Кумитаи амнияти миллии ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Шодиҷон Тӯраев, сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Эмин Ҷалилов, дотсенти кафедраи «Таърихи ватан»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Шавкат Шарипов, имом-хатиби масҷиди ҷомеи ба номи «Ихлос»-и шаҳри Хуҷанд Абдуҳамид Ғаниев доир ба максадҳои ғаразнок ва нопоки роҳбарону пайравони ин гурӯҳҳои зиддидавлатӣ, ки аз номи дини Ислом ҳарф зада, барои мардум бадбахтию ноамнӣ, хунрезию харобӣ меоранд, сухан гуфтанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






