Раҳимҷони Шарофзода — китобноманигор
Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Раҳимҷони Шарофзода ба таҳқиқи масоили илмие, ки то кунун дар илми китобдории тоҷик омӯхта нашуда буданд, даст зад ва аввалин рисолаи илмии ӯ таҳти унвони «Давраҳои асосӣ ва қонунияти инкишофи библиографияи адабии тоҷик» ба табъ расид, ки дар ин таҳқиқот номбурда аввалин шуда, таърихи библиографияи адабии тоҷикро бо қонуниятҳояш таҳлил ва бо далелҳои муътамади илмиву мантиқӣ асоснок намуд»,-гуфт имрӯз зимни суханронӣ директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода дар конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи библиография дар шароити ҷаҳонишавии иттилоот», ки ба ифтихори 80- солагии зодрӯзи китобшиноси маъруфи тоҷик Раҳимҷони Шарофзода дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамчунин дар конфронс зикр шуд, ки саҳми Раҳимҷон Шарофзода дар рушди соҳаи китобдорӣ ва омода кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи мазкур хеле назаррас аст. Тамоми он барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ дар соҳаи китобдорӣ бори нахуст маҳз бо роҳбарии Раҳимҷон Шарофзода тарҳрезӣ гардида, пешкаши хонандагон шуданд ва гуфта мешавад, ки номбурда дар тӯли ҳаёти худ зиёда аз 300 мақолаву китоби худро ба нашр расонидааст.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






