Ронандаи ноболиғ мактаббачаро пахш карда гурехт
Душанбе, 28.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -27-уми ноябр ронандаи мошини тамғаи номаълум, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Ҷомӣба самти кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи яке аз биноҳои истиқоматии кӯчаи Борбад суръати воситаи нақлиётро баланд намуда, пиёдагарди ноболиғ- писарбачаи 11-сола, хонандаи синфи 6-и мактаби таҳсилоти умумӣ, сокини шаҳри Душанберо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини чисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 15-солаи шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумиро дастгир намуданд. Ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






