Рушди ҷомеа аз рушди маърифати аҳолӣ вобаста аст
Душанбе, 12. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегӣ Ғафурҷон Расулӣ имрӯз зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки: «Масъалаи рушди инсонӣ дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад ва соли 2000 роҳбарони кишварҳои ҷаҳон дар СММ ҷамъ омада, тасмим гирифтанд барномае қабул кунанд ва ин «Барномаи рушди ҳазорсола» буд».
-Дар Тоҷикистон низ якчанд барнома қабул шуд, аз ҷумла «Барномаи рушди миллии ҶТ», «Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ», ки дар доираи ин барномаҳо корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд»,-илова намуд мусоҳиб.
Бояд гуфт, ки имрӯз вобаста ба ин масъала дар Маркази тадқиқоти стратегии ҷумҳурӣ Симпозиуми байналмилалии илмию экпертӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон-2030: дар самти рушди устувори инсонӣ» баргузор гардид.
Ба гуфтаи Ғафурҷон Расулов дар иқтисодёти мамлакат ба рушди саноат эътибор бояд дод, зеро тамоюли пастравии ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҶТ ҷой дорад.
Ба гуфтаи мусоҳиб Тоҷикистон аз ҳисоби мамлакати камбизоату қашшоқ баромадааст ва минбаъд низ доромади аҳолӣ афзоиш меёбад.
«Вале ҳангоми таҳлилҳо мебинем, ки иқтисодиёти мо ҳанӯз ҳам осебпазир аст, зеро аз омилҳои кишварҳои хориҷӣ вобастагӣ дорад. Мисоли ин гуфтаҳо муҳоҷирати меҳнатии тоҷикон мебошад, ки аз Федератсияи Русия вобаста аст. Аз рӯи ҳисоботи мақомоти омор интиқоли маблағи муҳоҷирон 30 фоиз кам шудааст ва ин, албатта, ба иқтисодиёти кишвар таъсири худро расонид. Барои рушди кишвар бояд ба соҳаи саноат ва хизматрасонӣ эътибор дод»,-таклиф намуд ҳамсуҳбати мо.
Ба андешаи Сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегӣ, симпозиуми имрӯза барои рушди кишвар мусоидат хоҳад кард.
Хотиррасон мекунем, ки имрӯз дар симпозиум масъалаҳои сиёсати ҷавонон, нобаробарии иқтисодӣ ва рушди инсонӣ, амнияти инсонӣ, камбизоатӣ ва сиёсати давлатии мубориза бо камбизоатӣ масъалагузорӣ ва баррасӣ шуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






