«Рўзи Парчами давлатӣ муборак!»-ҳамоиши гумрукчиён
Душанбе, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 24-уми ноябр ҳамчун иди миллӣ бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта мешавад.
Ҳайати шахсии кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд дар арафаи таҷлили рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсенти кафедраи таърих ва ҳуқуқ Сафар Эркаев вохўрӣ доир намуданд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпараст ҳамеша побарҷо бошад.
Парчами давлатии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассумгари умеду ормонҳои миллат ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободиву шукуфоии ватани азизамон ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳем гашт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






