С.Тағойзода масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ намуд
Душанбе, 30.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода дар ҷаласаи навбатии Шўрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо-иштирокдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳо-иштирокдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия иштирок дошт. Хотиррасон мекунем, ки ҷаласаи навбатии Шўрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо-иштирокдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳо-иштирокдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург 26-27 ноябри соли 2015 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаҳои мазкур вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид ва сардори Хадамоти муҳоҷирати вазорат Каримзода Тоир иштирок намуданд.
Мавзўи асосии чорабиниҳо муҳокимаи масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати байналмилалӣ: мушкилот, ҳамкорӣ ва рушди имкониятҳо буда, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар атрофи мавзўъҳои мазкур дар ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳо-иштирокдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маъруза намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






