Саҳми соҳибкорон дар ободии диёр назаррас аст
Файзобод, 28.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Соли равон соҳибкор Қаҳҳорбег Юсуфов бо маблағи ду миллион сомонӣ 2,5 километр роҳи мошингарди деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзободро қирпӯш кард ва дар роҳи мазкур шаҳрванд Сафармоҳ Миралиева аз ҳисоби худ бо маблағи 22 ҳазор сомонӣ як пули дарозиаш бист метрро ба истифода дод. Инчунин аз ҳисоби соҳибкори деҳаи Заркамар Қаҳҳорбег Юсуфов бо маблағи 8 ҳазор сомонӣ ва бо дастгирии раиси деҳа Файзалӣ Хоҷаев ҳамаи роҳҳои кӯчаҳои деҳа сангфарш гардиданд. Қаҳҳорбег Юсуфов, соҳибкори бонанги диёр дар ҷашнҳои миллӣ ба 32 оилаи камбизоат ва ятимдор 22 ҳазор сомонӣ кумак кард. Тибқи иттилои раиси ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод Абдулҳамид Шоев дар деҳаи Заркамари як бо дастгирии раиси маҳалла Файзалӣ Хоҷаев ба тариқи ҳашари умумӣ аз масофаи 5300 метр хатти оби нӯшокӣ оварда шуд, ки 80 оила бо оби нӯшокӣ таъмин гардид, ки ин ободкориҳои саховатмандони деҳоти Заркамари яки ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод боиси ифтихор ва намунаи ибрати соҳибкорони ватанӣ мебошанд.
Соли равон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони маҳаллӣ хатти озоди барқи беморхонаи минтақавии деҳоти Мискинобод кашида шуд, ки мушкилоти бебарқии беморхонаи мазкур бартараф шуд. Ҳамчунин дар соли 2015 аз ҳисоби сафорати Япония бо маблағи 524 ҳазор сомонӣ мактаби асосии деҳаи Фатҳободи ҷамоати мазкур, ки иборат аз 8 синфхона мебошад, ба истифода дода шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






