«Сабоҳ»-дидбонгоҳи сарҳадии нав ба истифода дода шуд
Душанбе, 3. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-31 октябри соли 2015 дар арафаи ҷашни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 2044-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ чорабинии ботантана бахшида ба истифода додани бинои нави дидбонгоҳи сарҳадии «Сабоҳ» баргузор гардид.
Иштирокдорон ба афсарон ва сарбозон дар хизмати ҳамарӯза саломатӣ, ҷасурӣ ва бурдборӣ орзу намуда, тақозо намуданд, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар бо сари баланд саҳми худро гузоранд.
Сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дорои ҳамаи шароитҳо ва утоқҳо барои фаъолияти сарҳадбонон мебошад.
Бинои нави дидбонгоҳи сарҳадии «Сабоҳ» дар дараи баландкӯҳ, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгир гаштааст ва сарҳадбонон дар фасли зимистон дар шароити ниҳоят вазнини иқлимӣ марзро муҳофизат менамоянд.
Ба афсарони фаъол барои ба натиҷаҳои назаррас расидан аз номи Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ифтирхономаҳо, нишонҳои сарисинагӣ супорида шуданд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






