Садамаи нақлиётии марговар дар Панҷакент

Ноябрь 4, 2015 08:54

Душанбе, 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзи 3 ноябри соли равон  ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-21063”, сокини 33-солаи шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба нишебии тахминан 5 метр чаппа шудааст. 
Дар натиҷа ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ноябрь 4, 2015 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш