Сарқонун-дастури зиндагӣ барои миллати тамаддунсози тоҷик
Душанбе, 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 21-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти гумрук ҷамъомад баргузор гардид.
Дар вохўрӣ зикр гардид, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ меҳисобад.
Эълон доштани бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқукбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ки дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, яке аз нишонаҳои асосии чунин давлат арзиши олӣ эътироф гардидани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он мебошад.
-Мо, кормандони мақомоти гумрук бо итминони комил ифтихор аз он дорем, ки бо қабули Конститутсияи Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро дар фазои худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ, тинҷиву оромӣ ва якпорчагии давлати соҳибистиқлоламон таҷлил менамоем,-зикр шуд дар ҷамъомад.
Мо бояд саъю кўшиш кунем, ки ин санади тақдирсозро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрўзу фардои миллати тамаддунсози тоҷик эҳтиром ва тибқи муқаррароти он зиндагӣ ва фаъолият намоем.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






