Сарқонуни ҶТ кафили ҳифзи ҳуқуқу манфиати шаҳрвандон аст

Ноябрь 5, 2015 10:16

Душанбе, 5.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба ҷашни 21- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (ПИТФИ) мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши Конститутсия (Сарқонун) дар таҳкими маърифати фарҳангии ҷомеа» баргузор гардид.
Директори ПИТФИ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода  иштирокдорони мизи мудавварро ба ифтихори рӯзи Конститутсия табрик карда, гуфт: «Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ истиқлолияти ба дастомадаро заминаи ҳуқуқӣ бахшид ва дар таърихи давлатдории миллати куҳанбунёди мо саҳифаи тоза кушод. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудааст, ки: «Дар давоми солҳои амали ин санади бақою саодатбахш халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти худро дар ҳамаи соҳаҳо мушаххас гардонд ва ба дастовардҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардид». 
Дар ҳамоиш доктори илмҳои филологӣ Мурод Муродов, номзади илмҳои педагогӣ Ҷамолиддин Саидзода, номзади илмҳои таърих Фирдавс Шарифзода, ходими пешбари илми ПИТФИ Ҳасани Муҳаммадӣ дар  мавзӯъҳои «Тавсифи арзишҳои Конститутсия дар матбуоти даврӣ», «Конститутсия ва ҳувияти миллӣ»,  «Конститутсия ва инкишофи қонунгузорӣ дар соҳаи фарҳанг» ва «Таҷассуми ҳуқуқи инсон дар Эъломияи Куруши Кабир»  маърӯза намуданд. 
Зикр шуд, ки бо шарофати қабули Сарқонун,  ки волоияти қонун ва низоми фаъолияти тамоми бахшҳои ҷомеаро таъмин мекунад, таҳкими ҳокимияти судӣ дар мамлакат торафт устувор гашта, халқи куҳанбунёди тоҷик ба дастовардҳои азими иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ноил гардиданд. Маҳз  риояи талаботи Сарқонун ва эҳтиром гузоштани ҳар як фарди ҷомеа ба волоияти қонун метавонад ба пешрафти ҷомеа боис гардида, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд дар ҷаҳони мутамаддин қавитар гардонад. 

Ноябрь 5, 2015 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!