Сарбанд: Мубориза бар зидди ВИЧ СПИД
Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ «Ховар») — 1-уми декабр Рӯзи байналхалқии мубориза бар зиддии ВИЧ СПИД эълон гардидааст. Бо ин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Сарбанд дар ҳамкорӣ бо намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» , Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Сарбанд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр ҷамъомад баргузор намуд. Дар ҷамъомад Н. Қурбонова -муовини раиси шаҳри Сарбанд, А. Изатуллоев- сардухтури Беморхонаи марказии шаҳр, Ҳ. Мусаввиров, З. Нодирова -намояндагони Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ дар вилояти Хатлон ба ҷавонон оид ба роҳҳои сироятёбӣ, табобатнашаванда будан, доштани хатари ҷиддӣ ба мавҷудияти инсон ва роҳҳои пешгирӣ аз бемории ВИЧ СПИД маълумот дода, бар зидди он мубориза бурданро таъкид намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






