Сарфароз гардидани вакилони Парлумони кишвар бо мукофоти АБ ИДМ
Душанбе,28.11.2015.(АМИТ “Ховар”).- Гурӯҳи вакилони Парлумони Тоҷикистон дар фарҷоми ҷаласаи чилусеюми Ассамблеяи байнипарлумонии /АБ/ кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки дар шаҳри Санкт-Петербург доир гардид, барои саҳми босазо дар таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ ва рушди парламентаризм бо мукофоти АБ давлатҳои ИДМ сарфароз гардиданд.
Аз ҷумла, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Хайриниссо Юсуфӣ бо ордени “Содружество” /Иттиҳод”/, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Фарҳод Раҳимӣ ва роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Мизроб Кабиров бо медали “Барои таҳкими ҳамкории парлумонӣ”, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Олимҷон Сафаров, узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Бибидавлат Афзалшоева ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Дилшод Исматуллоев бо ифтихорномаҳои фахрии Шӯрои АБ давлатҳои ИДМ сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






