Семинари бозомӯзӣ оид ба «Барномаи давлатии маърифати экологӣ»
Душанбе, 02.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -30 октябри соли равон дар Корхонаи воҳиди “Қитъаи душанбегии роҳ”- и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» семинари омӯзишии сатҳи баланд доир гардид. Мавзӯи семинар дар доираи омӯзиши «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» буда, дар он муовини аввали сардори КВД «Роҳи охани Тоҷикистон» Баҳром Шодиев ва муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойхон Шарифова сухан гуфтанд.
Дар семинар дар бораи зарурати кабул ва мақсаду вазифахои барномаи давлатии маҷмӯавии маърифати экологии аҳолӣ, ки муҳлати иҷрои он давраи то соли 2020-ро дар бар мегирад, ҳарф заданд. Ҳамзамон дар доираи мавзӯъҳои баррасишуда ва дигар масоили дахлдори ҳифзи муҳити зист, ки роҳиоҳанчиён дар фаъолияти кории худ ба он мувоҷеҳ мешаванд, ба масъулони соҳаи ҳифзи муҳити зист суолҳои зиёде пешниҳод шуданд.
Иштирокдорони семинар аз фаъолияти кормандони КВ “Қитъаи душанбегии роҳ”- и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва МД «Боғи Ирам» дар шаҳри Душанбе дидан карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






