Шаҳрдорӣ озмун эълон кард ва ғолибро 25 000 сомонӣ интизор аст
Душанбе, 09.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Ба ифтихори 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрдории Душанбе озмуни байналмилалии беҳтарин сенарияи барномаи фарҳангии ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатиро дар пойтахт эълон менамояд.
Озмун аз 9 ноябр то 19 декабри соли 2015 гузаронида шуда, дар он шахсони воқеию ҳуқуқии ватанию хориҷӣ имкони иштирок карданро доранд. Сенарияи барномаи фарҳангии пешниҳодшаванда бояд таҷассумгари таърихи 25 соли истиқлолияти давлатии кишвар ва фарогири 1 соату 30 дақиқа бошад.
Бояд гуфт, ки дар озмун танҳо як сенария ғолиб дониста мешавад. Муаллифи сенарияи беҳтарини барномаи фарҳангии ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатиро 25000 сомонӣ интизор аст. Дигар сенарияҳое, ки аз онҳо идеяҳои алоҳида барои сенарияи асосӣ қабул карда мешаванд, аз 3000 то 5000 сомонӣ қадрдонӣ мегарданд. Озмун 24 декабри соли равон аз ҷониби ҳакамон ҷамъбаст мегардад. Ба ҳайати ҳакамон дар радифи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, инчунин шоирону нависандагон, олимон, бастакорон, ҳунармандон ва дигар намояндагони аҳли зиёи кишвар шомиланд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






