Шиносоии Сарвари давлат бо кори гулпарварони ҶДММ Пайванд

Ноябрь 17, 2015 09:22

Душанбе, 17.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо фаъолияти коргарону мутахассисони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Пайванд, ки асосан ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишии нодир машғуланд, аз наздик шинос шуд.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар масоҳати 3 гектар, аз ҷумла дар 4 гармхона ва замини боқимонда беш аз 50 намуд қаламчаи ниҳол, дарахтони гуногуни мевадиҳандаю сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ парвариш меёбанд.
Дар ин ҷо 15 нафар мардон ва занони гулдаст ба парвариш ва нигоҳубини дарахтон машғуланд ва дар давоми 4 сол коргарон онро ба як макони зебову дилфиреб табдил додаанд.
Тавре ки мутахассисон иттилоъ доданд, иқлими кишвари мо субтропикӣ ва зудтағйирёбанда мебошад, аз ин рӯ дар заминҳои ин қитъа ниҳоли дарахтони гуногуни ба иқлими ҷумҳурӣ мутобиқ аз Италия, Белгия ва Ҳолланд шинонида  мешаванд.
Бештар ин ҷоро дарахтони намудҳои гуногуни себ, нок, олу, аз ҷумла себу олуи пурпур, олуи систена,  гелос, анҷир, каштан, дуб, махония, пихта, конкалор, кипарис, магнолияи баргрез ва 3 намуди дигари ин дарахт, секвоя, можевелник, туя, сосна, береза, клен, принус, амиландр, сирени ҳиндӣ, зелол, саликс хакуро, лекадамбр, османтус, тис, каталпа, абиесс нордман, воодбриҷ, туя, аризонии маҳаллӣ, тсерсис ва гулу буттаҳои ороишӣ хушу муаттар кардаанд.
Дар гармхонаҳо коргарон ба парвариши қаламчаи ниҳолҳо ва гулҳои гуногун машғуланд.
Қитъаи алоҳида инчунин барои парвариши ниҳолҳои мевадиҳандаи себ, нок ва лимон ҷудо шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ ба кори мутахассисон баҳои баланд дода, барои рушди соҳа ва ҳамкорӣ бо аҳолӣ баҳри ободонии диёр ба онҳо дастуру ҳидоятҳои муфид дод.
Инчунин Президенти мамлакат ба масъулини соҳа супориш дод, ки бо истифода аз заминаи мусоиди ин парваришгоҳ барои иҷрои корҳои ободонӣ ва боз ҳам зебову дилнишин гардонидани Муассисаи давлатии “Боғи парчами миллӣ”, “Боғи муҷассамаи нишони давлатӣ”, Муассисаи давлатии илмии марказии “Боғи Ирам”, Муассисаи давлатии “Боғи ба номи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ”, кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳо аз ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзу ба саломатӣ фоидаовар истифода баранд. 
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мағозаи “Пайванд” оғоз бахшид.
Чунонки иттилоъ доданд, сохтмони мағозаи мазкур соли 2014 оғоз гардида, соли 2015 ба охир расидааст ва дар он  5 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешавад.
Дар ин ҷо намунаи зиёди ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда, дарахтони хонагӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, асбобу зарфҳои гуногун барои парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо ба фурӯш гузошта шудаанд.
Мағозаи зебову барҳавои фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди корҳои ободонию кабудизоркунӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Пайванд сохта шудааст.
Ҳадафи Президенти мамлакат аз ифтитоҳи ин мағоза фароҳам овардани шароит ба нафарони дорои завқи баланди зебоипарастӣ мебошад. 
Мутахассисон дар баробари фурӯши ниҳолҳо ва буттаҳои ороишӣ, инчунин имкон доранд барои парвариши ниҳолҳои ороишӣ ба дӯстдорони ин соҳа маслиҳатҳои муфид диҳанд.

 

Ноябрь 17, 2015 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд