Қӯшунҳои сарҳадӣ: Пешгирии вайронкунии сарҳади давлатӣ
Душанбе. 3. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаби 2 ба 3-юми ноябри соли равон соати 01:00 шаб дар яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон наряди сарҳадӣ бо гурӯҳи фаврии қӯшунҳои сарҳади вайронкунии сарҳади давлатиро пешгирӣ менамоянд.
Як гурӯҳи қочоқчиёни афғон дар вақти убури ғайриқонунии хатти сарҳад бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд, ки дар натиҷа задухӯрди мусаллаҳона ба миён меояд. Ба муқовимати сарҳадбонони тоҷик тоб оварда натавониста, қочоқчиён аз торикии шаб истифода бурда, аз тариқи қамишзор ба самти Афғонистон фирор намуданд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса тахминан 20 кг чарс ва 1,5 кг героин дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳоло нисбат ба ин ҳодиса аз тарафи кормандони РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Дар ин бора майор Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори Маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






