Соҳибони медалҳои биринҷӣ дар даври охирини мусобиқот маълум мешаванд
Душанбе, 18.11.15. (АМИТ «Ховар»). — 17 ноябр бозиҳои даври 17 — уми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.
Дар шаҳри Ваҳдат вохӯрии дастаи «Хайр» бо дастаи «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 0:0 мусовӣ шуд. Дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе, ки пеш аз муҳлат қаҳрамони кишвар гардид, дар майдони худ клуби «Барқи тоҷик» — ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб сохт.
Дастаи «Хуҷанд» дар варзишгоҳи «20 — солагии истиқлолияти Тоҷикистон» дастаи «Парвоз» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохт. Вохӯрии дастаҳои «Регар — ТадАЗ» — и шаҳри Турсунзода ва «Далерон» — и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 6:0 ба фоидаи футболбозони шаҳри Турсунзода анҷом ёфт. Дастаи «Вахш» — и шаҳри Қӯрғонтеппа дастаи ССКА «Помир» — и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 4:2 мағлуб сохт.
Вохӯриҳои даври хотимавии мусобиқот 22 ноябр баргузор гардида, тақдири медалҳои биринҷӣ баъди қувваозмоии байни дастаҳои «Равшан» ва «Регар — ТадАЗ» ҳал мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






