Собиқадорони Хатлон бо ҷавонон равобити зич доранд
Душанбе, 03.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Вақтҳои охир масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ аҳамияти ҳар чи бештар пайдо менамояд, зеро ояндаи кишварамон вобаста ба онҳост. Дар пленуми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Хатлон, ки масъалаи асосиаш иборат аз муҳокимаи тарбияи насли наврас буд, дар ин бора сухан ронда шуд.
Тавре ки раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Амон Боев изҳор дошт, имрӯз бояд корҳои тавзеҳотии байни ҷавонон вусъат дода, ҷавонон ба иҷрои корҳои муфид ҷалб намуда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯриҳо бо ҷавонон ташкил карда шавад.
Собиқадорон ҳамчунин воқеаҳои охирини марбут ба фаъолияти ғайриқонунии ҳизби манъшудаи ҲНИТ — ро маҳкум намуданд.
Дар пленум натиҷаи озмуни вилоятӣ бахшида ба 70 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ҷамъбаст гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






