«Созандагони ватан» омилҳои ифротгароии ҷавононро баррасӣ мекунад
Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар доираи даври дуюми чорабиниҳои худ бахшида ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ имрўз дар шаҳри Душанбе мизи мудавварро дар мавзўи «Омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он» баргузор намуд.
Дар мизи мудаввар ҷавонон аз навоҳии шаҳри Душанбе, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, рӯзноманигорону коршиносон, аҳли дин ва мақомоти муҳоҷират иштирок намуда, масъаларо мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин аз ҷониби ташкилоти ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан» ба нақша гирифта шудааст, ки бо донишҷӯёни макотиби олии пойтахт мулоқот доир намуда, ҳарчӣ бештар ҷавононро аз ҳадафҳои шуми ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ, ки мақсадаашон ноором кардани ҷомеа мебошад, огоҳ созанд.
Ҳадафи чорабиниҳо тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандўстӣ, пос доштани арзишҳои миллию давлатӣ, сафарбар намудани қувваи созандаи онҳо ба корҳои хайри ҷамъиятӣ ва огоҳ намудан аз хатарҳои замони муосир, ки бештар вақт ба рўҳияи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, иборат мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






