«Созандагони Ватан» Рӯзи Сарқонунро бо ҷавонони Рашт таҷлил намуд
Душанбе, 07.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар доираи даври дуюми чорабиниҳои худ бо мақсади пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Сарқонуни кишвар дар навоҳии минтақаи Рашт мулоқоту суҳбатҳо, дарсҳои сиёсӣ ва семинарҳои омӯзиширо бо қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонони минтақа доир намуд.
Ҳамчунин вохӯрии роҳбарияти ташкилоти ҷавонони ҲХДТ бо донишҷӯёни Донишкадаи давлатии омӯзгорй дар ноҳияи Рашт ва коллеҷи тиббии нохияи Рашт сурат гирифт.
Дар ин муассисаҳои таълимӣ, ки ба омода намудани кадрҳои соҳаи тиб ва омӯзгорӣ машғуланд, донишҷӯён на фақат аз навоҳии минтақаи Рашт, балки аз дигар шаҳру ноҳияхои ҷумҳурӣ низ ба омӯхтани илму касб машғул буда, дӯстона бо ҳам тахсил доранд.
Зимни мулоқот, ки дар арафаи таҷлил аз Рӯзи Сарқонуни кишвар доир гардиданд, сухан дар атрофи бахтномаи миллат- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хатарҳои ҷаҳони муосир идома ёфта, ҷавонон ба дӯст доштани Ватан, пос доштани арзишҳои миллӣ ва огоҳ будан аз хатарҳои ҷаҳони муосир даъват шуданд.
Зикр шуд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонию минтақавӣ аз ҷавонон масъулияти даҳчанд такозо мегардад, зеро ҷавонон ояндаи миллат буда, танҳо донишу тафаккури баланд ва зиракии сиёсии онҳо метавонад қувваи бузурги онҳоро ба манфиати миллату давлат сафарбар намояд.
Ҷавонон зимни вохӯриҳо оид ба Сарқонуни кишвар ва содиқ будан ба ватану меҳани худ ибрози андеша намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






