Спитамен: Тифли навзодро 10 000 сомонӣ фурӯхтанд
Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар).-Дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи сокини ноҳияи Спитамен бо гумони фурӯхтани тифли навзоди худ дастгир шуд.
Номбурда писарчаи якмоҳаи худро рӯзи 6-уми ноябр дар хонаи истиқоматиаш ба оилаи ҷавони сокинони ҳамин ноҳия ба маблағи 10 000 сомонӣ фурӯхтааст. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






