Суғд: Бунёди 100 га боғи сиёҳолу дар ноҳияи Б.Ғафуров
Хуҷанд, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар мавзеи ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони 100 гектар боғи сиёҳолу бунёд мешавад.
Дирӯз зимни боздид аз ҷараёни корҳо дар мавзеи маскур раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баён дошт, ки амали мазкур тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд намудани майдони боғҳо дар вилояти Суғд ба роҳ монда шуда, ба ин васила заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Ба гуфти раиси вилоят, дар навбати аввал дар ин мавзеъ бояд масъалаҳои обу роҳ ҳалл шаванд, то деҳқонон бе мушкилӣ корҳои боғдориро оғоз намоянд.. Вобаста ба ин, ба ин мавзеъ аз роҳи мошингард то сари замин дар масофаи 2,5 километр роҳ кушода шуда, бо қубурҳои қутрашон 720 мм хатти об низ кашида мешавад.
Ба иттилои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, обу ҳавои ин минтақа барои парвариши навъи сиёҳолу мутобиқ буда, аз ҷониби масъулин барои интихоби навъҳои сиёҳолу ва раванди бунёди боғ дар ин макон тавсияҳои муфид низ пешниҳод шуданд.
Раиси вилоят дастур дод, ки дар зери дарахтон, яъне дар майдони 100 гектар пиёз кишт шавад.
Мутобиқи маълумоти масъулини Сарраёсати кишоварзӣ то ин дам дар вилоят масоҳати майдони сиёҳолу ба 35 гектар расидааст ва дар сурати амалӣ шудани ин тадбир истеҳсоли меваи сиёҳолу чанд маротиба афзун хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






