Суғд: даъвати тирамоҳӣ беш аз 94 дарсад иҷро шудааст
Хуҷанд, 07.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар арафаи таҷлили Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 94,3 дарсад иҷро шудааст. 5 ноябр масъулини комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара аз иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ мужда доданд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари маркази матбуотии мақомоти шаҳри Исфара Иқбол Тешаев иттилоъ дод, дар даъвати тирамоҳии имсола аз шаҳри Исфара 220 ҷавони ватандӯсту баору номус ба сафи артиши миллӣ равона шуданд.
Ба гуфти манбаъ, комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара ҳамасола дар маъракаи даъвати наваскарон дар вилоят яке аз пешсафон ба ҳисоб рафта, дар шаҳр корҳои тарбиявию роҳандозии ҷавонон, хизмат ба Ватан, содик будан ба кишвару сарзамини худ, дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, ҳамасола шумораи ҷавонони бошарафе, ки бо хоҳиши худ ва ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд, тадриҷан зиёд мегардад.
Дар умум дар вилоят ҳоло шаҳру ноҳияҳои Исфара, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Қайроққум, Истиқлол, Шаҳристон, Спитамен, ҷамъ 12 минтақаи вилоят пеш аз муҳлат аз иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ баромаданд. Боқимонда 6 комиссариати шаҳру ноҳияҳои вилоят тасмим доранд то 10 ноябр аз иҷрои нақша мужда расонанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






