Суғд: Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор
Душанбе, 3. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар давоми моҳи октябр дар қаламрави вилояти Суғд 9 субъекти хоҷагидор, аз қабили ҶДММ «Сомонэкпресстранс», ҶДММ «Суғдиён Помир тур», ҶСК «Нақлиёт», ҶСК «Иттиҳодияи автовокзалҳо», «Умури меҳнатии ихтиёрии ҷавонон», «Роҳи Абрешим» ба сафарбаркунии муҳоҷирон машғуланд.
Дар ин давра «Сомонэкспресстранс» ба 178 нафар, «Суғдиён Помир Тур» ба 19 нафар, «Иттиҳодияи автовокзалҳо» ба 20 нафар, «Роҳи Абрешим» ба 103 нафар шаҳрванд хизмат расонидаанд.
Дар маҷмӯъ, аз хизматрасонии субъектҳои хоҷагидорӣ 320 шаҳрванд, 230 мард, 84 зан ва 6 нафар ноболиғ истифода бурдаанд.
Ҳамчунин дар давоми моҳи октябр аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор 34 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд.
Субъектҳои хоҷагидор дар сафарбар намудан ва бо ҷои кор таъмин кардани 354 шаҳрванд саҳм гузоштанд.
Пеш аз гусели гурӯҳҳои сафарбаршаванда намояндагони Раёсат бо муҳоҷирон суҳбат гузаронида, қоидаҳои будубош дар хориҷаро фаҳмонданд, маслиҳати ҳуқуқӣ доданд ва бо маводи ташвиқотию тарғиботӣ таъмин намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






