Суғд: зиёда аз 72 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст
Суғд, 3.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-То 3 ноябри соли ҷорӣ дар ҳафт навоҳии пахтакори вилояти Суғд 72 ҳазору 117 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 62,66%-и дурнамо баробар аст. Тавре ки ба АМИТ Ховар Абдуазиз Маҳмудов, сармутахассиси Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар дод, ҳоло дар вилоят дар маъракаи чиниши пахта кишоварзони ноҳияҳои Конибодом (иҷро-73,57%), Ашт (70,83%), Спитамен ( 68,25%) ва Ҷ. Расулов (67,37%) пешсафанд. То аввали моҳи ноябр оид ба иҷрои нақшаи пахта беш аз 100 хоҷагии хурду миёнаи пахтакор мужда доданд. Дар вилоят 35 корхонаи коркарди пахта амал карда, ҳамарӯза наздик ба 60 тонна пахта ба коргоҳҳои мазкур ворид мешаванд.
Бояд гуфт, ки имсол дар вилоят дар майдони 42 ҳазору 953 гектар пахта кишт гардида, қарор аст то охири соли ҷорӣ 115,1 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






