Суботу оромӣ аз матонату ҷасорати кормандони милитсия аст
Нуробод, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар ноҳияи Нуробод бахшида ба рӯзи милитсияи тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан Тағдир кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияро табрик карда, гуфт: «Воқеан ҳам мақомоти милитсия тибқи таъйиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонад ва ҳамин хизматҳои шабонарӯзӣ, матонат ва ҳисси ватандӯстии кормандони милитсия мебошад, ки дар ноҳия оромӣ ҳукмфармост». Сардори шуъбаи корҳои дохилии ВКД дар ноҳияи Нуробод Боймаҳмадзода Музаффар Қурбон доир ба фаъолияти кормандони ин ниҳод ҳарф зада, онҳоро бо иди касбиашон табрик намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ба кормандони фаъоли шуъбаи корҳои дохилӣ, собиқадорони милитсия ва оилаҳои нафароне, ки барои барқарор намудани сулҳу оромии ҷумҳурӣ ҳалок гардидаанд, сипосномаю ифтихорнома ва кумакҳои пулӣ тақдим намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






