“Сулҳ аз мо оғоз меёбад”- мусобиқаи варзишӣ
Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои шимоли кишвар чорабиниҳои варзишӣ доир гардиданд. 24 ноябр дар амфитеатри Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба гӯштини камарбандӣ баргузор шуд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд иттилоъ доданд, яке аз мақсадҳои баргузории чорабинии мазкур- ин пеш аз ҳама, мустаҳкамсозии алоқаи дӯстӣ, тарғиби варзишу солимӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим буда, он бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайеҳии вилоят ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, инчунин ассотсиасияи зиёиёни илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур, ки дар доираи лоиҳаи “Сулҳ аз мо оғоз меёбад” доир шуд, беш аз 240 гӯштингир аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғди ҶТ ва ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон дар вазнҳои аз 60 то зиёда аз 100 кг байни худ рақобат карданд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






