СУС: Баҳси шароити гузаронидани ислоҳот дар савдо ва чораҳои дастгирӣ
Душанбе, 30.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Семинари омӯзишӣ оид ба масъалаҳои Созмони Умумиҷаҳони Савдо (СУС), ки 1 декабр дар Душанбе баргузор мегардад, барои дарки боз ҳам бештар ва татбиқи дастурҳои бисёрҷонибаи савдо дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳамчунин уҳдадориҳои савдо бо маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби мамлакат барои аъзо шудан дар СУС қабул шудаанд, мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷамъомад намояндагони вазоратҳо ва идораҳои масъул, ташкилоти давлатии санитарӣ ва фитосанитарӣ, институтҳои илмию тадқиқотӣ, ки барои татбиқи сиёсати савдо ва кишоварзӣ мутасаддӣ шудаанд ва ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ дар соҳаи агросаноатӣ ширкат хоҳанд кард.
«Умедворем, ки семинари мазкур барои баҳси шароитҳои гузаронидани ислоҳот дар савдо ва чораҳои дастгирие, ки барои узвият дар СУС барои мамлакат имтиёзҳои бештарро дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва бехатарии амнияти озуқаворӣ фароҳам меоранд, мусоидат мекунад», — гуфт Виорел Гутсу, намояндаи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Интизор меравад, ки баъд аз анҷоми семинар иштирокдорони он шартномаҳои СУС ва уҳдадориҳои махсуси мамлакатро дар соҳаи кишоварзӣ беҳтар дарк намуда, аз онҳо мунтазам истифода хоҳанд бурд. Иштирокдорон ба таҳқиқи масъалаҳои имконпазир ва имкониятҳои соҳаи кишоварзӣ, ки баъд аз аъзо шудан ба СУС ба вуҷуд меоянд, қодир мешаванд. Онҳо масъалаҳои татбиқ ва беҳтар намудани қоидаҳое, ки системаи санитарӣ ва фитосанитарӣ, ҳамчунин сиёсати кишоварзиро танзим мекунанд, аз худ менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






