Таҷлил аз ҷашни Сарқонун дар Файзобод
Файзобод, 7.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод бахшида ба 21- солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мачлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамъияти ноҳия иштирок намуданд. Раиси ноҳия ҳозиринро бо ин санаи тақдирсоз табрик намуда, оид ба аҳамияти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии сарқонуни кишвар сухан гуфт. Ҳамчунин ба ифтихори ҷашни Сарқонуни ҷумҳурӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва собиқадорону фаъолон маърӯза карданд.
Ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии идона хотири аҳли нишастро шод гардонданд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба ҷашни 21 солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯрию маҷлисҳои тантанавӣ доир шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






