Таҷлил аз ҷашни Сарқонун дар Ёвон
Ёвон, 5.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-5 ноябри соли 2015 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ёвон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳия Амирбеки Темур, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯён, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия чорабинии идона ба ифтихори 21- умин солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси ноҳия аҳли нишаст ва сокинони ноҳияро бо ин рӯзи фаромӯшнашаванда табрик намуда, гуфт: «Сарқонуни Тоҷикистон ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, ба принсипҳои озодӣ ва демократия устувор аст. Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Сарқонуни кишвари мо омили асосии ифодаи ҳадафҳо ва рушду такомули давлату давлатдорӣ буда, дар таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муайянкунанда мебозад».
Тибқи қарори раиси ноҳияи Ёвон дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия тантанаҳои идона ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 21- умин солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






