Таҷлили фархундаи ҷашни Сарқонун дар Хуҷанд
Хуҷанд, 07.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи К. Хуҷандии шаҳри Хучанд бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Конститутсия (Сарқонун)-и кишвар маҷлиси тантанавӣ ва барномаи консертӣ доир шуд.
Тавре ки роҳбари маркази иттилоотии мақомоти шаҳр Маҳмудҷон Муҳаммадӣ хабар дод, дар чорабинии идона раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ, собиқадорони меҳнат ва фаъолони Хуҷандшаҳр иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳозиронро бо ин санаи фархундаи кишвар табрик намуда, гуфт, ки: “Маҳз бо шарофати истиқлолият ва тибқи Конститутсия мо соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем. Имрӯзҳо маҳз бо шарофати истиқлолият дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким ёфта истодаанд”.
Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ табрикоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонд.
Чорабинии идона бо барномаи рангини адабӣ-мусиқӣ анҷом ёфт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






