Таҷлили мардумии Рӯзи Конcтитутсия

Ноябрь 6, 2015 12:13

Душанбе, 06.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз мардуми тамоми манотиқи кишвар яке аз санаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистонро бо тантана  ҷашн гирифтанд. Ба муносибати 21-умин солгарди Конститутсияи кишвар яке аз деҳот барои таҷлили ин ҷашн ба тамошои Душанбешаҳр омадааст, дигаре фарзандонашро дар ин рӯзи офтобӣ, ба сайру гашт баровардааст, ҷавонон бошанд дар боғҳои фарҳангӣ ин санаи таърихиро бо хушнудӣ истиқбол мегиранд. 
Толибҷон Сайҷалолов донишҷӯи ДМТ ҳамроҳи ҳамкурсонаш ба истиқболи 21-умин солгарди Сарқонуни ҷумҳурӣ ба сайру гашт баромадааст. Ин ҷавон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи Тоҷикистон қайд намуд, ки орому осуда дар кӯчаҳои шаҳр гаштан барои миллати тоҷик худ як ҷашн аст, чунки кишварҳое ҳастанд, ки мардумашон озодона кору фаъолият карда наметавонанд,  пас чаро мо бояд ҷавонон шукри ин меҳан нанамоем. 
Сайҷалол, аз ҷумла чунин гуфт:  «Чӣ гунае ки ба ҳамаи мо маълум аст, имрӯз дар тамоми манотиқи ҷумҳуриямон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Имрӯз мо бо дӯстонамон ба боғи Рӯдакӣ ба тамошои барномаи консертии бахшида ба Рӯзи Конститутсия (Сарқонуни) Тоҷикистон омадем ва як ҷаҳон ғизои маънавӣ гирифтем. Бояд гӯем, ки Конститутсия ин шаҳодатномаи давлати мост ва барои мо ҷавонон, барои тамоми шаҳрвандони кишварамон ҳамаи озодиҳоро кафолат додааст. Моро зарур аст, ки ҳуқуқ ва озодиҳоямонро аз ин санади муқаддас хонем ва донем».
Миҷгонаи Зикрулло хонандаи синфи 7-ум дар ин робита гуфт, ки бо ҳамроҳии ҳамсабақонаш ба сайру гашт баромадааст, ҳарчанд, ки аз осорхонаи миллӣ чандин бор дидан намудааст, ин дафъа низ мехоҳад  дар бораи он чизҳои таърихие, ки дар осорхона ҷой доранд, маълумоти бештар пайдо кунад. Онҳо тасмим доштанд, ки Рӯзи Сарқонунро бо хушнудӣ дар осорхона ва дигар ҷойҳои таърихии Душанбешаҳр ҷашн гиранд.
Дилноза Раҳматова хонандаи синфи 7-ум мехоҳад бо хушнудӣ дар фазои сулҳу субот, бо таронаву ҳунарнамоии ҳунармандони кишвар дар кӯли Ҷавонон 21-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол бигирад. Дилнозабону гуфт, ки аз ҳамаи ҷашнҳои миллӣ бохабар асту бесаброна таҷлили онҳоро интизор мешавад.
Дилноза: «Мо ҳамроҳи ҳамсинфонамон ба кӯли Ҷавонон барои истиқболи Рӯзи Конститутсия омадем ва мехоҳем, ки ин ҷашнро бо тантана гузаронем. Бояд ҳар шаҳрванд қонунҳои давлати худро донад ва ҳамаи моддаҳои Конститутсияро мо бояд риоя кунем ».
Сержанти Гвардияи миллӣ, Мумин Ҳайдаров зикр менамояд, ки  дар ин рӯзи басо муҳим мардуми тоҷик,  дар боғҳои фарҳангии кишвар сайру гашт намуда истодаанд. “Аз ин рӯ, барои таъмини бехатарии мардум ва ҳам барои таҷлили Рӯзи Сарқонуни мамлакат дар кӯчаҳо сайру гашт намуда истодаем. Ва дар оянда низ кӯшиш менамоем, ки бо сарбаландӣ қарзи шаҳрвандии худро дар назди омма иҷро намоем”, — гуфт Мумин Ҳайдаров.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз бахшида ба истиқболи 21-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор шуданд ва мардум бо хушҳолӣ дар фазои орому осудаи кишвар ин санаи муҳимро истиқбол мегиранд. 

 

Ноябрь 6, 2015 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад