Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт
Душанбе, 10.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Ҷашнгоҳи асосии таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон Наврӯзгоҳи пойтахт буда, дар ин ҷо 24 ноябр аз соати 17:00 бо ҳузури 8 ҳазор сокини пойтахт, ки дар дасти ҳар яке парчами миллӣ хоҳад буд, барномаи идонаи фарҳангӣ гузаронида мешавад.
Шаҳрдории Душанбе тасмим дорад, ки дар Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоии ҷавонону донишҷӯёнро аз назди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то майдони «Дӯстӣ»- муҷассамаи Исмоили Сомонӣ /Маҷмааи ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон/ ташкил намояд. Дар иртибот ба ин барои фароҳам овардани шароити мусоид барои гузаронидани роҳпаймоӣ аз соати 11:00 то 15:00-и 24 ноябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ ва кӯчаҳое, ки бо майдони «Дӯстӣ» тавассути хиёбони Рӯдакӣ пайвастанд — кӯчаҳои Шероз, Шоҳтемур, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ муввақатан қатъ мегардад.
Инчунин дар Рӯзи Парчами давлатӣ дар тамоми мақомот ва иншооти давлатӣ, биноҳои баландошёна, идораву муассисаҳо, кӯчаву хиёбонҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ Парчами давлатӣ насб карда мешавад. Шаҳрдорӣ ҳамзамон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ баргузорсозии чорабиниҳои мухталифи фарҳангию варзиширо тарҳрезӣ намудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






