Тақсими ниҳолҳо ба сокинони шаҳраки навбунёди Раҳмонободи Шуғнон
Душанбе, 16.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо супориши Сарвари давлат ба сокинони ВМКБ, ки аз офати табиии тобистони имсола зарар дидаанд ва дар ҷойҳои нав иқомат доранд, кучати ниҳолҳо ройгон тақсим мешаванд. Бо ин мақсад 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда, ки даҳ намудро ташкил менамоянд, аз ҷониби Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ВМКБ интиқол дода шуд.
Сардори Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Бадахшон Мулкамон Назаралиев гуфт, ки кучати ниҳолҳои баҳрадор дар шаҳраки навбунёди Раҳмонободи ноҳияи Шуғнони ВМКБ дастраси мардум гардид. Номбурда гуфт, ки шурӯъ аз фасли баҳор намудҳои гуногуни гулу буттаҳо низ ба ин мавзеъ барои парвариш оварда мешаванд. Доктори илмҳои биологӣ Саидмир Шоҳмансуров баҳри шинондан ва парвариши хуби кучати нихолҳо ба аҳолии шаҳраки Раҳмонобод маслиҳату тавсияҳои судманд пешкаш намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






