Талабот ба тилло дар ҷаҳон меафзояд
Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар) — Тибқи иттиллои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта дар кишвар 3, 4 тонна тилло истеҳсол гардид. Ҳудуди 70 дарсади тиллои истеҳсоли кишвар дар дохил, аз ҷумла аз ҷониби Бонки миллӣ харид шудааст.
Дар семоҳаи соли 2015 дар ҷаҳон болоравии талабот ба тилло то 8 %, яъне 1120,9 тонна зиёд гардид, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар ду соли охир аст, — гуфта мешавад дар маърӯзаи Шӯрои ҷаҳонӣ оид ба тилло ((World Gold Council, WGC).
Дар давраи ҳисоботӣ афзоиши талабот ба ин металл дар Чин -13%, дар Ҳиндустон -13%, то 268,1 тонна, дар Шарқи наздик -10%, то 70,5 тонна, дар ИМА- 62%, то 58,9 тонна, дар давлатҳои Аврупо — 27%, то 73,6 тоннаро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти ин ташкилот болоравии талабот ба тилло дар соли равон 33% -ро ташкил дода, талабот ба маҳсулоти заргарӣ ҳамагӣ 6% -ро ташкил медиҳад. Мувофиқи натиҷагирии ташкилот дар семоҳаи соли 2015 дар Русия талабот ба маҳсулоти заргарӣ 19%, то 13,5 тонна ва дар маҷмӯъ талабот ба ин метал 21%, то 14,8 тонна коҳиш ёфтааст.
Шӯрои ҷаҳонии тилло (WGC) соли 1967 аз ҷониби калонтарин истеҳсолкунандагони тилло дар ҷаҳон таъсис гардида, дар Лондон ҷойгир шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






