Тамаъҷӯӣ бо таҳдиди бадномкунӣ

Ноябрь 17, 2015 06:30

Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Аввалҳои моҳи октябри соли равон ҷавоне бо номи Ф. тавассути интернет бо зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе шинос шуда, худро маҳсгар муаррифӣ намудааст. Номбурда занро ба манзили истиқоматиаш даъват карда, бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намуда, ҳаракатҳои шаҳвониашонро ба навор гирифтааст. Баъдан номбурда бо роҳи тамаъҷӯӣ ва таҳдиди паҳн намудани навори мазкур аз зан маблағи 1400 доллари амрикоӣ талаб кардааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 16-уми ноябр ҷавони 18-солаи истиқоматкунандаи кӯчаи Рӯдакии пойтахт дар вақти гирифтани маблағ дастгир шуд. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш дар ин самт идома дорад.

Ноябрь 17, 2015 06:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид