Тарғиби имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Фаронса
Душанбе, 05.11.2015. (АМИТ “Ховар”). — 4 ноябри соли 2015 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса чорабинии доир ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишварро дар Париж барпо намуд.
Дар рафти ин чорабинӣ, ки бо ҷалби Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳайати дипломатӣ, мутахассисони соҳа ва ширкатҳои сайёҳии кишвари иқомат анҷом пазируфт, рӯнамоӣ (презентатсия) оид ба ҳолат ва дурнамои рушди соҳаи туризм дар Тоҷикистон ва имкониятҳои ҷалби бештари сайёҳон, хусусан аз Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифт, навори видеоӣ оид ба Тоҷикистон ба мазҳари ом гузошта шуд, инчунин руқъаҳо ва дигар маводи таблиғотӣ байни иштирокчиёни чорабинӣ мунташир гардид.
Дар партави ҷашни 3000-солагии Ҳисор, авлавиятҳои сиёсати ҳифз ва рушди осорҳои фарҳангии кишвар, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ матраҳ гардидаанд, эълом гаштанд.
Пас аз анҷоми рӯнамоӣ мубоҳисаи касбӣ дар фазои созанда сурат гирифт ва иштирокдорони чорабинӣ имкон доштанд, ки ба суолҳои худ посухҳои муносиб гиранд.
Дар интиҳои маърака таомҳо ва хӯришҳои миллии Тоҷикистон низ ба ҳозирин пешниҳод гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






