Таркиш дар Нигерия
Душанбе, 18.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Бар асари таркише, ки шоми рӯзи сешанбе дар бозори шаҳри Йоли иёлати Адамаваи Нигерия рух дод, 32 нафар ҳалок гардида, 80 нафар захм бардоштанд. Назар ба иттилои ТАСС, намояндагони хадамоти миллии Нигерия дар ин бора хабар додаанд.
«Таркиш баъди адои намози шом, ки мардум масҷидро тарк менамуданд, рух дод», — гуфт яке аз шоҳидони воқеа.
Ҳанӯз ягон созмони террористӣ масъулияти таркишро ба дӯши худ нагирифтааст. Вале, ба фикри мушоҳидон, ин ҷинояткорӣ амали гурӯҳи радикалии «Боко ҳарам» мебошад, ки дар иёлати Адамава ва минтақаҳои дигари шимолу шарқи Нигерия доимо ба тахрибкорӣ даст мезанад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






