Ташкили фоҳишахона дар манзили истиқоматӣ
Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -19- уми ноябр, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 59-солаи шаҳри Душанберо бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд. Муайян шуд, ки гумонбаршуда 29-уми октябри соли равон, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 26-сола ва зани 23-сола, сокинони шаҳри Душанбе, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200 сомонӣ гирифтааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






