Ташкили Конфронси ҷумҳуриявӣ дар Кумитаи рушди маҳал
Душанбе, 02.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — 2 ноябри соли 2015 дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа ду масъалаи асосӣ: ташкили Конфронси ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд ва табрики кормандон бо рўзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Раиси кумита Қосим Роҳбар ҳамаи кормандонро барои хуб гузаронидани Конфронси ҷумҳуриявӣ вазифадор намуд ва таъкид кард, ки онҳо дар иҷрои вазифаҳои худ бояд масъулияти баланд ҳис намоянд.
Раиси кумита тамоми ҳамкоронро бо фарорасии Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба онҳо ободиву осоиш, хушбахтиву хушрӯзӣ ва файзу баракатро орзу намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






